Расмигардонии амволи ғайриқонунӣ
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Мутахассисони пулиси миллии Фаронса дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сар аз аввали моҳи апрел таҳти унвони “Расмигардонии амволи ғайриқонунӣ” семинари нав оғоз карданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ҳадаф аз он баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандони воҳидҳои гуногуни Агентӣ дар муборизаи пурсамар бар зидди мухаддирот аст. Ба гуфти манбаъ семинар имкон хоҳад дод, ки кормандони Агентӣ малакаҳои лозимиро доир ба доираи масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла равишҳои пешгирӣ аз расмигардонии пул ва амволи ғайриқонунӣ ба дастомада, кашфи сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва экстремизм, ҳамчунин тафтишу пайгирии ҳодисаҳои сармоягузории фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷиноии алоқаманд ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пайдо кунанд. Семинари мазкур то 5 апрел идома ёфта ва ба ширкаткунандагони он сертификат супорида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






