«Равшан» бозиро бохт

Апрель 4, 2013 11:18

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб дар даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё 3 апрел дар ҳошияи вохӯрии даври сеюми гурӯҳи «Д» бо қаҳрамони 15 — каратаи «Ал — Қадисия» — и Кувейт бо ҳисоби сифр бар 3 мағлуб шуд. Дар вохӯрии дигар дастаи «Ал – Рамта» — и Урдун бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи «Ал – Шорта» — и Сурия ғалаба кард. Ба ҳамин тариқ, баъди се даври мусобиқа дастаҳои «Ал – Қадисия», «Ал – Шорта», «Ал – Рамта» 6 холӣ ба даст оварданд. Дастаи «Равшан» ҳанӯз 1 хол ҳам ба даст наовардааст. Футболбозони «Равшан» 9 апрел дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» — и шаҳри Хуҷанд бо дастаи «Ал – Қадисия» вомехӯранд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Апрель 4, 2013 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш