Ронандаи маст сабаби марги пиразан
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Ронанда Зафар Раҷабов бо мошини тамғаи «ДЭУ-Сиелло» ҳангоми ҳаракат аз самти кўчаи Борбад ба самти кўчаи Раҳмон Набиев дар ҳолати мастӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Нигина Исмоиловаро зер мекунад ва ёрии худро нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Баъди ду соат дар натиҷаи чораҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ронанда бо мошинаш дастгир мешавад. Ба иттилои шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов аз аввали соли ҷорӣ то ба имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 256 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 80 нафар ба ҳалокат расида, 275 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






