Сӯхтор дар бозори «Фаровон»

Апрель 25, 2013 08:37

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дирӯз тахминан соати 18-и бегоҳӣ дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Қурғонтеппа сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа он 25-30 фоизи бозорро фаро гирифт.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, барои хомӯш намудани алангаи оташ тамоми қувваи мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳукуматӣ сафарбар гардид.Аз ҷумла, 11 мошини сӯхторхомӯшкунӣ, 2 мошини обкашонӣ ва 3 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, дар давоми 1,5 соат пеши роҳи паҳншавии оташ гирифта ва он хомӯш карда шуд.Сӯхтор дар яке аз мағозаҳои фурӯши бозичаҳои кӯдакона сар зада, тахмин меравад, ки аз ҳисоби расиши ноқилҳои барқӣ ба вуҷуд омадааст.Барои муайян намудани сабаби асосии сӯхтор аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, кумитаҳои амнияти миллӣ ва ҳолатҳои фавқулодда гуруҳи корӣ таъсис дода, санҷиши пешакӣ оғоз шуда, инчунин лабораторияи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудааст.Талафоти ҷонӣ нест.

 

Апрель 25, 2013 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад