С. Степашин: «Мавқеи Тоҷикистонро ба В. Путин хоҳам расонд»
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Сергей Степашин, ки дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, як қатор масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид. Сергей Степашин пас аз мулоқот бо Сарвари давлат дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаҳои аудити пойгоҳи низомии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҷониби Тоҷикистон барои муҳайё намудани шароити мукаммали будубош барои ин пойгоҳ арзи сипос кард. Ба иттилои номбурда татбиқи нақшаи стратегии ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои ҳарбиву техникӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои гуманитарӣ, бахусус ҳамкорӣ дар бахши маориф, баррасии дурнамо ва вазъи кунунии Афғонистон аз мавзуоти меҳварии ин мулоқот буданд. Сергей Степашин аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои ҳарбиву амниятии ду кишвар арзи қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки мавқеи Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳар гуна зуҳуроти номатлуби минтақа басо назаррас аст. «Бо назардошти ҳамаи ин, ман мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дӯст ва шарики стратегии Русия ба Президенти он В. В. Путин хоҳам расонд»,- илова намуд Сергей Степашин.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






