Сафарбаркунӣ ба муҳоҷират
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни вилояти Суғд ва вилоятҳои Федератсияи Русия сол то сол тақвият меёбад. Дар доираи он бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии вилоят яке аз самтҳои асосии мақомоти дахлдор, аз ҷумла Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад. Бояд гуфт, ки 17 апрели соли равон зиёда аз 70 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби ҶДММ «Умури ихтиёрии меҳнатии ҷавонон» ва ҶДММ «Нақлиёт» ба Федератсияи Русия сафарбар гардиданд. Чуноне ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар айни замон Раёсат бо чандин ширкатҳои кордиҳандаи Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ баста, дар асоси онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодани шаҳрвандони вилояти Суғдро ба воситаи субъектҳои хоҷагидор ба роҳ мондааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






