Сафи фаъолзанон меафзояд
Рашт, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои соҳибмаълумот шудани духтарон диққати махсус медиҳад. Алҳол шумораи умумии занону духтарон дар ноҳия 54 ҳазору 768 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 28 ҳазору 297 нафарашон қувваи корӣ мебошанд,-гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Кумитаи занони назди ҳукумати ноҳия Шаҳодат Тавурова. Аз ин шумора 59 нафар дар мақомоти роҳбарикунанда, 303 нафар дар соҳаи маориф, 277 нафар дар тандурустӣ, 85 нафар дар соҳаи фарҳанг ва 86 нафар дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд.Ҳамзамон дар донишгоҳҳои олии мамлакат 259 нафар духтар таҳсили илм дошта, 16 нафар хатмкунандаи макотиби олӣ соли ҷорӣ ба ноҳия баргашта, дар соҳаҳои гуногун ва пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд, афзуд Шаҳодат Тавурова.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






