Самараи таълиму тарбияи дуруст
Турсунзода, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Литсей-интернати муштараки тоҷикию туркии шаҳри Турсунзода зодаи даврони Истиқлолият буда, аз таъсиси он 21 сол сипарӣ гардид. Муассисаи мазкур дар таълиму тарбияи насли навраси шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор саҳми арзанда дорад. Ҷараёни таълим дар литсей асосан бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сурат гирифта, ҳамчунин забонҳои туркӣ ва русӣ низ омӯзонида мешавад. Барои хонандагон тамоми шароитҳои таълимию истироҳатӣ ва маданию маишӣ муҳайё буда, онҳо бо хӯроки гарм, хобгоҳ, китобхона, майдонча ва толорҳои варзишӣ таъминанд.Муваффақияти омӯзгорону хонандагони муассиса ҷолиби зикр аст. Муассисаи мазкурро аз оғози фаъолият то имсол зиёда аз 600 нафар хатм карда, 303 нафари онҳо дар Тоҷикистон, 140 нафар дар кишвари Туркия, 64 нафар дар Федератсияи Русия ,18 нафар дар Қирғизистон ва чанд нафари дигар дар ИМА, Англия, Олмон ва Чин шомили донишгоҳу донишкадаҳо гардидаанд. Шогирдони литсей аз соли 1997 то имсол дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои гуногун 9 нафар ҷои аввал, 11 нафар ҷойи дуюм, 16 нафар ҷои сеюмро ишғол намуда, 14 нафари дигар созовори Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.Дар литсей чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили намоиши донишу ҳунар, шабҳои саволу ҷавоб, базми шеър, вохӯрӣ бо собиқ хатмкунандагони литсей мунтазам баргузор мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






