Сараудитори нав дар Палатаи ҳисоб
Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯралӣ Мирзоев аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод карда шуд. Ба ин вазифа, яъне сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаралӣ Файзалов таъин гардида, дар назди вакилони парлумони мамлакат савганд ёд кард.Мавсуф 50 сол дошта, тамоми фаъолияти кориаш ба бахши молия нигаронида шудааст. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 таъсис дода шудааст. Рисолати ин мақомот назорати мақсадноки истифодаи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармояҳое¸ки аз кишварҳоихориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, маҳсуб мешавад. Палатаи ҳисоб танҳо ба Президент ва Парлумон тобеъият дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






