Сатҳи таваррум дар семоҳаи аввал 1,2 % буд
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Моҳи марти соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 0,1 фоизро ташкил дода, тайи семоҳаи аввал ба 1,2 фоиз расид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикитстон хабар доданд.Моҳи марти соли ҷорӣ нархи маводи ғизоӣ 0,4 фоиз, амволи ғайриғизоӣ 0,3 фоиз баланд гардида, нархи хидматрасонии пулакӣ барои аҳолӣ баробари 1,4 фоиз арзон шуд. Қобили зикр аст, ки тайи се моҳи соли равон сатҳи таварруми бахши истеъмолӣ дар Қазоқистон 1,9 фоиз, Русия 1,9 фоиз ва дар Қирғизистон 1,1 фоизро ташкил дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






