Семинари байналмилалӣ дар Душанбе
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 23 апрел дар шаҳри Душанбе семинари дурӯза дар мавзӯи «Ҳалли масоили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ» оғоз ёфт.Дар ин чорабинӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров иштирок намуд. Рӯзи аввали семинар ба муҳокимаи масоили вусъати умумии рушди вазъияти минтақа дар бахши амният баъди соли 2014 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хориҷ шудани қӯшунҳои НАТО ва тамоюлҳои бахши истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъсири нашъамандӣ ба ҷомеаи ҷаҳон ва масъалаҳои дигар бахшида шуда буд.Дар кори семинар мутахассисони ниҳодҳои тадқиқоти стратегӣ ва сохторҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Эрон ва Федератсияи Русия, ҳамчунин намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва коршиносони мустақил ширкат доранд.Семинар бо ибтикори Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи эҳтиётӣ барои Осиёи Марказӣ ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ доир гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






