Семинари занон дар Ҳамадонӣ
Ҳамадонӣ, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ бо сарпарастии Маркази нашъамандии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Нашъамандӣ- вабои аср» семинар доир намуд. Мақсад аз семинар пешгирӣ ва решакан кардани истифодаи ҳолатҳои нашъа ва нашъамандӣ, ҷалби занону духтарон ба корҳои ободонӣ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, ҷалби духтарон барои таҳсил дар донишгоҳ буд. Зикр гардид, ки шумораи умумии занон дар ноҳия 65 ҳазору 875 нафарро дар бар гирифта, аз ин шумора 35 ҳазору 240 нафараш дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






