Шароити мусоид барои нозирони минтақавии Шаҳринав

Апрель 4, 2013 09:20

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Бо супориши вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов бо мақсади санҷиши ҳолати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба ноҳияи Шаҳринав сафари корӣ намуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, зимни сафар муовини вазири корҳои дохилӣ бо муовини аввали раиси ноҳияи мазкур Исрофил Қурбонов ва раисони ҷамоати шаҳраки Октябр, ҷамоатҳои деҳоти Селбур, Чузӣ, Боғистон, намояндагони ҷамоатҳо ва шаҳрвандон вохӯрӣ намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ даъват намуд.Инчунин ҳангоми санҷиш муайян шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои фармони мазкур аҳамияти хосса зоҳир намуда, 9 утоқи кории нозирони минтақавии милитсияро пурра таъмир намудаанд.

Апрель 4, 2013 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад