Шиносоии хатмкунандагон бо ДДТТ
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-6 апрели соли ҷорӣ дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо хатмкунандагони Литсей-интернати тоҷикию туркии шаҳри Турсунзода вохӯрӣ баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ДДТТ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ 10 нафар хатмкунандаи литсей, ки дар оянда мехоҳанд ба Донишгоҳи тиббӣ шомил шаванд, иштирок намуданд. Намояндагони донишгоҳ ба довталабон оид ба таърих, сохтор, факултетҳо, қоидаҳои қабул ва дигар самтҳои фаъолияти донишгоҳ маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд. Баъдан довталабон аз китобхона, толори электронӣ, толори Сино, кафедраи биология дидан намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






