Ширкаткунандагони «МегаФорум» дар «МегаФон» коромӯзӣ хоҳанд кард
Душанбе, 25 апрел (АМИТ «Ховар»).- Донишҷӯёни кишвар, ки дар таҳияи тарҳҳои «МегаФорум» саҳим буданд, дар ширкати «МегаФон» коромӯзӣ хоҳанд кард. «МегаФорум», ки тавассути ширкати «МегаФон» бо пуштибонии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуд, барои бори севум баргузор шуд. Дар ин давр донишҷӯён бояд вазифаи мушкил, вале хеле ҷолибро анҷом медоданд: тарроҳии вебгоҳе таҳти унвони «МегаДонишҷӯ», ки барои донишҷӯён, довталабон, падару модар ва устодон муфиду ҷолиб бошад. Дар таҳияи тарҳҳои даргоҳҳои (portal)-ҳои омӯзишӣ донишҷӯёни шаш муассисаи олии таҳсилӣ ширкат доштанд: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат. Ширкаткунандагон тарҳҳои худро дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ карданд. Дар ин мусобиқаи мушкил тими Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат пирӯзӣ ба даст овард. Тими мазкур на танҳо тарҳи вебгоҳи донишҷӯёни донишкадаи худ, балки тамоми ҷумҳуриро муаррифӣ кард.Раиси ҳайати доварони «МегаФорум», мудири омили ширкати «МегаФон», Андрей Шишковский гуфт: «Ҳамаи тарҳҳо дар сатҳи баланди ҳирфаӣ таҳия шуда буданд. Ҳамаи ширкаткунандагон имкон доранд дар ширкати мо ба коромӯзӣ машғул шаванд ва пас аз хатми таҳсил барояшон кор фароҳам хоҳад шуд». Ба тимҳое, ки ҷойҳои 4, 5 ва 6-ро касб карданд, 1000 Мб трофики ройгони интернетӣ ҳадя шуд. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ барои касби ҷойи 3-юм соҳиби SIM-кортҳои дорои шумораҳои нуқрагӣ гардиданд. Ба донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки ҷойи 2-юмро касб карданд, модемҳои 3G-и 21 Мб/с ва 3 000 Мб трофики ройгони интернетӣ ҳадя шуд. Барои ҷойи аввал ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ҷадидтарин телефонҳои ҳушманд эҳдо гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






