Шумораи нафақахӯрони Тоҷикистон ба беш аз 599 ҳазор расидааст
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Маблағи пардохти нафақа ва ёрдампулӣ аз рӯи натиҷаи семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо назардошти бақия то оғози сол беш аз 314 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дод.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тайи давраи гузашта маблағҳои ба қайд гирифташудаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баробари беш аз 297 миллиону 800 ҳазор сомонӣ буд. Қобили зикр аст, ки теъдоди нафақахӯрон то якуми апрели соли 2013 – ум 599 ҳазору 273 нафарро ташкил дод. Дар Тоҷикистон ҳаҷми миёнаи нафақа 180 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






