Соҳибкорони тоҷик ба ҳамватани худ дасти кӯмак дароз карданд

Апрель 1, 2013 14:56

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муҳоҷири меҳнатӣ- шаҳрванди ҶТ, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, Рустам Наҷмуддинов, соли таввалудаш 1979 муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки бинобар надоштани имконияти молиявӣ ва бад будани вазъи саломатиаш ӯро ба ватан фиристонанд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, зимни суҳбат бо муҳоҷир муайян шуд, ки ӯ на танҳо маблағи кофӣ барои харидории чиптаро надорад, балки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташро низ гум кардааст. Бояд гуфт, ки бо мусоидати Хадамоти консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Свердловск барои Рустам Наҷмуддинов ҳуҷҷат барои бозгашт ба Ватан омода гардид. Соҳибкорони тоҷик низ ба ҳамватани худ дасти кӯмак дароз карданд. Бо дастгирии молиявии онҳо маблағи чиптаи ҳавопаймо ҷамъ оварда шуда, 27 март муҳоҷир тавассути ҳавопаймои хатсайри Кӯлоб-Екатеринбург ба ватан равон карда шуд, хабар дод манбаъ.

Апрель 1, 2013 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!