Сокини ноҳияи Истаравшан дастгир гардид
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз ҷониби кормандони РВКД дар вилояти Суғд зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Акмал Зокиров, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Истаравшан ҳамчун гумонбар дастгир гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, ҳангоми кофтуков аз ӯ дар маҷмуъ 15 килою 014 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Барои дастгир намудани ҳаммаслаки ӯ Фозил Ҳабибов, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Истаравшан чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҷараён доранд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






