Созишномаи тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ тасдиқ шуд

Апрель 30, 2013 11:15

Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/-ро ахиран вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон тасдиқ намуданд. Суҳроб Маҳмадов-муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ва Абдузафар Иномов -вакили Маҷлиси намояндагон санади мазкурро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки Созишнома 30 майи соли 2012 дар шаҳри Ашқобод аз ҷониби роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ ба имзо расида, онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудааст. Ҳадафи созишнома тақвияти муносибатҳо дар соҳаи минатозакунии гуманитарӣ, муттаҳидгардонии қувваҳо дар рушд ва мукаммалгардонии таъминоти муҳандисӣ, ҳалли масъалаҳои техникист. Инчунин ин санад ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолият ҳангоми гузаронидани тадқиқоти илмӣ, тарҳрезӣ, коркард ва ба даст овардани воситаҳои таъминоти муҳандисии қӯшунҳои муҳандисии Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои ИДМ ва хароҷоте, ки ҳангоми иҷрои Созишномаи мазкур ба амал меоянд, нақши муассир мебозад.

Апрель 30, 2013 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд