Тӯҳфаи Бунёди пушкинии «Классика» ба китобхонаи Қӯрғонтеппа

Апрель 19, 2013 11:05

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Чанде пеш дар Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия маросими супурдани китобҳои Бунёди байналмилалии пушкинии «Классика» барои китобхонаи нави шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни ин маросим муовини раиси Бунёди байналмилалии пушкинии «Классика» Александр Панкратов қариб 200 китобу албомҳои Маркази нашриётии «Классика» — ро ба сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев супурд. Назар ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, ба Тоҷикистон беш аз 60 номгӯйи китобу албомҳо ба маблағи беш аз 75 ҳазор рубл супурда шуд. Ин чорабинӣ дар доираи барномаи ташвиқу тарғиби забони русӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ сурат гирифт.

Апрель 19, 2013 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад