Тақвияти равандҳои ҳамгироӣ
Душанбе, 11 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тоҷикистон бо ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти равандҳои ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байнидавлатию байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад», гуфт раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи Форуми байналмилалии «Дурнамои иқтисодии АвруОсиё», ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Русия доир гардид. Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат зарурат ва моҳияти тақвияти робитаҳо ва ҳамоишҳои иқтисодиро дар фазои АвруОсиё талаботи вақт ва ҷавобгӯи ниёзҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзо арзёбӣ намуда гуфт, ки барои густариши равандҳои ҳамгироӣ фароҳам овардани заминаю фазои ҳуқуқӣ, саҳми парламентарҳои кишварҳо муҳим аст. Ҳамзамон раиси палатаи болоии Парлумон дар мавриди нақши созмонҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ, ки ба тақвияти раванди ҳамгироӣ мусоидат намуда, ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил /ИДМ/ , Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё /ИИАО/ ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ шароити мусоид фароҳам меоранд, табодули назар кард. Форуми мазкур бо ибтикори Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия созмон дода шуда, дар кори он роҳбарон ва намояндагони парлумонҳои кишварҳои ИИАО, намояндагони созмонҳои марбута, олимону коршиносони масоили иқтисодӣ, ректорони донишгоҳҳои бонуфузи Русия ширкат намуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ, ИИАО ва СААД дар Санкт-Петербурги Русия қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






