Таҷлили 290 – солагии шаҳри Перм
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш намояндагони ҷамоаи Тоҷикистон дар чорабинии ботантана бахшида ба 290 – солагии шаҳри Перми Русия иштирок намуданд.Назар ба хабари дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба маросими ботантана намояндагони дигари созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аз беш аз 30 минтақаи Федератсияи Русия низ даъват шуда буданд.Мушовири намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия Толиббой Юнусов номаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиевро дар ҳузури иштирокдорони ин чорабинӣ қироат намуда, ба ҳозирон итминон дод, ки намояндагии Тоҷикистон минбаъд ҳам доир намудани чунин ибтикоротро дастгирӣ хоҳад кард.Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Перм Татяна Марголина зикр намуд, ки ин чорабинӣ воқеаи муҳиме барои ҳамаи сокинони шаҳру вилояти Перм маҳсуб меёбад. Дар чаҳорчӯбаи ид бо иштироки намояндагони иттиҳодияҳои миллии вилояти Перм барномаи консертӣ намоиш дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






