Таҷлили Наврӯз дар Олмон

Апрель 3, 2013 10:23

Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Дар ростои ташаббусе, ки Сафорати Тоҷикистон дар Олмон аз соли 2009 оид ба ҷашни муштараки Наврӯз бо иштироки кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз иқдом меварзад, соли ҷорӣ дар Осорхонаи этнологии шаҳри Берлин бо иштироки сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Покистон, Эрон ва Туркия “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” бо шукуҳи хосса таҷлил гардид. Бахшида ба ин рӯз дар Осорхонаи мазкур намоишгоҳи махсуси “Наврӯзи Тоҷикистон” бо хӯрокҳои миллӣ, маводи таблиғотӣ оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, таъриху фарҳанг, имкониятҳои саёҳатӣ ва дигар маводи ҷолиби диққат ташкил карда шуд. Бо ибтикори Сафорат дар Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҳамчунин консерти гуруҳи ҳунарии “Шамс” дар толори осорхона баргузор гардид. Зиёда аз ҳазор нафар шаҳрвандони Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо, намояндагони Парлумон ва дигар ашхоси расмии кишвари иқомат, корпуси дипломатӣ ва инчунин ба ҳайси меҳмони фахрӣ хонуми Президенти федералии Олмон дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд. Ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Сафорат ва ҳамкории Ҷамъияти “Муколамаи фарҳангӣ”-и шаҳри Ҳамбург ва ширкати «Pourkian Group» дар шаҳри Ҳамбург дар толори яке аз меҳмонхонаҳои қадим ва маъруфи Аврупо “Vier Jahreszeiten Hotel“ нахустин бор бо ҳузури раҳбарияти Ҳамбург, доираҳои сиёсию ҷамъиятии ин музофот, соҳибкорони бонуфуз, консулҳои генералии кишварҳои хориҷӣ, ҷамъиятҳои эрониёну афғонҳои муқими минтақаҳои шимоли Олмон, аҳли илму адаби музофоти Ҳамбург ва инчунин шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик чорабинии наврӯзӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомиддин Сатторов паёми табрикоти наврӯзии роҳбари кишварамонро ба ҳозирин расонид ва аҳамияти ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дигар ташаббусҳои кишварамонро, ки ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, фарҳангӣ ва таъмини сулҳу суботи минтақавию ҷаҳонӣ равона шудаанд, таъкид кард. Бо мақсади ҷамъ овардани тоҷикистониёни муқими Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ва шинос намудани ҷомеаи Аврупо бо арзишҳои фарҳангии мардуми тоҷик ва рушди босуботи кишварамон, рӯзи 27 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Берлин Сафорати Тоҷикистон маросими Наврӯзи Тоҷикистонро дар толори Маркази фарҳангии Русия ташкил намуд. Толор бо шиорҳои наврӯзӣ ба забони тоҷикӣ, хӯрокҳои миллӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ороста шуда буд. Дар ин чорабинӣ 500 нафар тоҷикистониёни муқими Олмон ва Аврупо, намояндагони Бундестаг, кормандони Вазорати корҳои хориҷии Олмон, доираҳои сиёсию иқтисодӣ, аҳли илму адаби Олмон, ҳайати дипломатии муқими Берлин, ҷамъиятҳои русҳо, эрониҳо, афғонҳо ва курдҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд. Сафири Тоҷикистон дар Олмон маросими Наврӯзро дар пойтахти Олмон бо паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамватанони бурунмарзӣ ифтитоҳ намуда, оид ба нақши муҳими ҷашни таърихии Наврӯз, бахусус барои сарҷамъ овардани тоҷикистониёни Аврупо, арҷгузорӣ ба расму суннатҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар миёни ҷаҳониён таъкид кард. Бинобар нахустин бор дар таърихи фаъолияти намояндагӣ ба қайд гирифтани ақди никоҳи ду шаҳрванди тоҷик дар Олмон, дар саҳнаи ҷашнии Наврӯзи Берлин инчунин маросими расмии супурдани шаҳодатномаи ақди никоҳ ба ду ҷавони тоҷик – сокинони Қӯрғонтеппа Наргиса Аҳмадова ва Умедҷон Исмоилов баргузор гардид.

Апрель 3, 2013 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло