Таҷлили шаби эҷодии Атахон Сайфуллоев

Апрель 2, 2013 14:39

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Даҳаи якуми моҳи майи соли ҷорӣ 80-солагии профессор Атахон Сайфуллоев дар қаламрави вилояти Суғд таҷлил мешавад. Вобаста ба ин қарори махсуси раиси вилоят ба тасвиб расидааст.Мутобиқи ин қарор дар ҳошияи таҷлили ҷашни мазкур ташкили мулоқотҳо, конфронси илмӣ адабӣ дар мавзӯи «Нақши Атахон Сайфуллоев дар таҳким ва пойдории ваҳдати миллӣ» ва таҷлили 80-солагии мавсуф дар Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ дар назар аст.Маврид ба зикр аст, ки профессор Атахон Сайфуллоев аз адабиётшиносони маъруфи тоҷик буда, дар тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва рушди адабиётшиносии тоҷик саҳми бориз дорад.

Апрель 2, 2013 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд