Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 18 апрел (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ пешбаришударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Ҳамин тариқ, Зеваршо Зеваршоев – Муовини вазири кишоварзӣ, Нигина Абдуллоева – Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Диловар Латипов – Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Зафаршо Иброҳимов — Муовини директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.Ҳамчунин, роҳбарони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҳамадонӣ, Данғара, Носири Хусрав, Турсунзода, Файзобод ва дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз масъулияти баланди хизмати давлатӣ, муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ аҳли нишастро ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ҳидоят намуд.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






