Такмили ихтисоси кормандони АНМН
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ба манзури такмили ихтисоси кормандони ниҳодҳои Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон 1 апрел дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи «Софкории пул» ба кораш шурӯъ намуд. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони Агентӣ аз рӯи доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла аз рӯи механизмҳои ҷилавгирии софкории пул, ошкор намудани манбаъҳои маблағгузории терроризму ифротгароӣ, ҳамчунин тафтиши ҳодисаҳои фаъолияти молиявии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар малака пайдо мекунанд. Семинарро, ки то 5 апрел давом мекунад, мутахассисони пулиси миллии Фаронса доир намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






