Талабот ба қарзҳои хурд қонеъ мегардад
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти низоми бонкии мамлакат нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3 фоиз зиёд мебошад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки таҳлили таркиби бақияи қарзҳо нишон дод, ки 64,5 фоиз ё 3, 7 млрд. сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 35,5 фоиз ё 2 4 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 25,99 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 25,50 фоизи солонаро ташкил дод. Бинобар сабаби зиёд гардидани талабот ба қарз, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 49,9 фоиз афзоиш ёфт. Аз ин маблағ 205,2 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,4 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






