Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Аз 8 то 14 апрели соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 19 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 4 нафар ба ҳалокат расида, 18 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ноҳияи Хуросон 7 апрели соли ҷорӣ соати 23.10 мошинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» таҳти идораи ронанда Собирҷон Ҷомаҳмадов ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар километри 63-юми роҳ чаппа мешавад, ки дар натиҷа мусофири дохили он Саидҷон Хушвахтов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳамчунин мошини тамғаи «ВАЗ-2106» таҳти идораи ронанда Умедҷон Ашӯров ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи Ҳисор бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба трактори тамғаи «МТЗ», ронандааш Шамсиддин Тағоймуродов бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири дохили мошини тамғаи «ВАЗ-2106» Мурод Ҳамзаев ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов аз аввали соли ҷорӣ то ба имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 295 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 91 нафар ба ҳалокат расида 312 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд






