Таъмини маъюбони ноҳияи Ғафуров бо аробачаҳо
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- 27 -нафар шахсони имконияташон маҳдуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин гардиданд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ин аробачаҳо бо маблағи умумии 17 ҳазор сомонӣ харид шудаанд, ки аз ин ҳисоб 12 ҳазор сомонии онро маблағҳои буҷаи ноҳия ва 5 ҳазор сомонии дигарро маблағгузории сарпарастон ташкил медиҳад. Гуфта мешавад ин аробачаҳо истеҳсоли Чин буда, онҳо аз дорухонаҳои махсусгардонидаи шаҳри Хуҷанд харида шудаанд. Ҳамчунин манбаъ афзудааст, ки то имрӯз дар ноҳия зиёда аз ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шуда, аксари онҳо бо чунин навъи аробачаҳо таъмин шудаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






