Таъмири маркази саломатӣ дар Кӯлоб

Апрель 5, 2013 09:35

Кӯлоб, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Кормандони маркази саломатии рақами 1 – и шаҳри Кӯлоб ба таъмири пурраи бинои маъмурӣ шуруъ карда, то ин муддат ба маблағи 22000 сомонӣ корҳои таъмириро ба итмом расониданд. Бинобар иттилои сардухтури марказ Бобохон Абдураҳмонов маблағи таъмир аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва марказ буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои беморон ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ мусоидат менамояд.  Ба гуфтаи манбаъ аз буҷаи маҳаллӣ ба марказ ба маблағи 7500 сомонӣ дастгоҳи ташхиси ренгенӣ дастрас шуда, дар ин давра 745 нафар бемор ба воситаи дастгоҳ аз ташхис гузаштанд. Мавриди зикр аст, ки дар се моҳи соли ҷорӣ кормандони марказ ба 1574 нафар хизмати тиббӣ расониданд.

Апрель 5, 2013 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд