Танзими маросимҳо дар Кӯлоб
Кӯлоб, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Дар шаҳри Кӯлоб ҷамъомади муштарак оид ба татбиқи қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Озодии виҷдон ва иттилооти динӣ», «дар бораи масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд» доир шуд. Маълум гардид, ки дар айни замон баъзе одамон то ҳол дар ҷойҳои ғайри муқаррарӣ намоз мегузоранд ва ин чунин 22 нафар шаҳрванди шаҳру деҳоти Кӯлоб ба таври ғайрирасмӣ дар мадрасаҳои динии хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд. Аз ин лиҳоз раиси шаҳр А. Раҳмонов ба ҳамаи кормандони сохторҳои давлатӣ ва имом – хатибони масҷидҳо супориш дод, ки ҳар чи тезтар пеши роҳи чунин қонуншиканиҳо гирифта шавад ва дар байни аҳли ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






