Ташкили корхонаҳои муштараки коркарди меваҷот дар Хатлон
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо раиси минтақаи Осиё – Шабакаи рушди саноат ва инфрасохтори Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ Карим Хоҷа ва Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Акбар Алӣ Песнанӣ баргузор гардид.Зимни вохурӣ ҷонибҳо асосноккунии техникию иқтисодии НБО-и Санобод ва АТИ-и НБО-и «Себзор» ва нерӯгоҳҳои хурд ва ташкили корхонаҳои муштараки коркарди меваҷот дар вилояти Хатлонро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Аз ҷониби вазорат дархост шуд, ки муаррифии АТИ-и НБО-ҳои мазкур ҷиҳати шиносоӣ дар рӯзҳои наздик амалӣ гардад. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳо дар ин бахш ба манфиатҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо хоҳад буд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






