Ташрифи Ли Турнер ба Тоҷикистон
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Бритониё оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Туркия, Осиёи Миёна ва Қафқоз Ли Турнер аз 18 то 21 апрел аз Тоҷикистон дидан мекунад. Тавре ки аз Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, боздиди Ли Турнер баъди анҷоми сафари намояндагони тиҷоратии Бритониё ба Тоҷикистон оғоз ёфт, ки ин ҳайат аз 15 то 18 апрел дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар рӯзи аввали сафари худ Ли Турнер бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи давлатии амволи Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод Фаррух Ҳамроалиев мулоқот намуд. Дар мулоқотҳо масъалаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Инчунин Ли Турнер бо сардори Шӯрои ҳамоҳангсозии Бизнес-ассотсиатсияҳо Зайд Саидов ва директори генералии ширкати «Сомон- Эйр» Ллойд Пакстон мулоқот анҷом дода, бо намояндагони ташкилотҳои маблағгузор оид ба дастовардҳо дар соҳаи иқтисодиёт суҳбат мекунад. Мутобиқи нақшаи сафар Ли Турнер аз вилояти Суғд боздид карда, бо раиси вилоят Қоҳир Расулзода мулоқот мекунад ва аз фаъолияти ташкилоти VSO боздид ба амал меорад. Ҳамчунин ӯ ба Бадахшон сафар карда, бо намояндагони AKDN оид ба рушди иқтисодии минтақа мулоқот карда, дар ҷаласаи минтақавии туризм иштирок меварзад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






