Таъсиси ҷойҳои нави корӣ
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар семоҳаи аввали соли 2013 аз ҷониби корхонаҳои ресандагии кишвар ба миқдори 3567,1 тонна нахи пахта коркард шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 (2727,1 тонна) 840 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 130,8 %-ро ташкил медиҳад. Дар ин муддат истеҳсоли риштаи пахтагин 3032,7 тоннаро ташкил намуд. Суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 (2318,4 тонна) 130,8 %-ро ташкил намуда, ба миқдори 714,3 тонна зиёд мебошад. Тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Нақшаи амал оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2013» ва берун аз нақшаи амал» дар давоми соли 2012 дар соҳаи саноати сабук 53 адад корхонаю коргоҳҳо ба истифода дода шудаанд, ки дар натиҷа 1231 ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони маҳаллӣ муҳайё гардида, 474 ҷойҳои кории қаблӣ барқарор шуд ва соли 2013 дар доираи нақшаи амал баистифодадиҳии 19 корхонаю коргоҳҳои нави дигар ба нақша гирифта шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 1956 ҷойи нави корӣ таъсис хоҳад ёфт.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






