Татбиқи барномаи коркарди пурраи нахи пахта
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда барои давраи то соли 2015» бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои соҳа ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар мавзӯи «Роҳҳо ва воситаҳои зиёд намудани истифодаи иқтидорҳои корхонаҳои коркарди нахи пахта» мизи мудаввар баргузор гардид.Дар мизи мудаввар масъалаҳо доир ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати ҳарчӣ бештар дастрас будани ашёи хом-нахи пахта ба корхонаҳои ресандагӣ ва дар ин асос афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, ҳамчунин зиёд намудани иқтидорҳои содиротии маҳсулоти тайёри пахтагин ба хориҷи кишвар баррасӣ гардид.Роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба масъалаҳои дар соҳа мавҷудбударо қайд намуда, иброз доштанд, ки пайгирӣ ва ҳалли саривақтии онҳо ҷиҳати беҳтар шудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва дар ниҳояти кор барои амалисозии барномаи фавқуззикр мусоидат хоҳад кард. Намояндагони вазорату идораҳо дар навбати худ ба суолҳои матрақгардида посух дода, мавриди омӯзиш қарор додани пешниҳодҳои аз ҷониби корхонаҳо, ироашударо қайд намуданд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






