Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА 40-зина боло рафт
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дастаи мунтахаби футболи кишвар дар рейтинги апрелии ФИФА, ки имрӯз нашр гардид, аз мақоми 152-ум чил зина боло рафта, дар зинаи 112-ум мустақар гардид.Аз дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ ИҶШС дар зинаи аз ҳама баландтарин (мақоми 11-ум) дастаи Русия қарор дошта, кишварҳои дигар мақоми зеринро касб кардаанд: Украина – 37-ум, Ӯзбекистон- 66-ум, Арманистон-90-ум, Эстония-94-ум — 140-ум, Белорус-69-ум, Гурҷистон-91-ум Мавқеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз байни давлатҳои собиқ ИҶШС аз Озорбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон болотар аст. Ҳамчунин дар садри ин рейтинг чун пешина дастаи мунтахаби Испания қарор дошта, зинаҳои 2-юму 3-юмро мутаносибан Олмону Аргентина касб кардаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






