«Тоҷиксементстрой» боз ба кор шурӯъ кард
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре ки аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тоҷиксементстрой» баъди таваққуфи тӯлонӣ боз ба кор шурӯъ намуда, истеҳсоли маҳсулоти сохтмониро ба роҳ монд. Назар ба хабари намояндаи Вазорати энергетика ва саноати кишвар, захираи сементу гаҷ барои истеҳсоли маҳсулот таносубан 350 ва 60 тоннаро ташкил медиҳад. Дар оянда барои истеҳсоли шифери сохтмонӣ аз Русия ашёи хом ворид мегардад. Қобили зикр аст, ки аз оғози соли ҷорӣ 41 корхонаи истеҳсолкунандаи маводи сохтмонӣ ба кори худ аз нав шурӯъ карданд. Соли ҷорӣ боз 5 корхонаи нави истеҳсолкунандаи маводи сохтмонӣ мавриди истифода қарор мегирад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






