Туҳфа ба ғолибони пойга

Апрель 17, 2013 15:02

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар доираи баргузории аксияи «Насли созанда» бо дастгирии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон -«Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд шанбегии умумивилоятӣ баргузор гардид.  Бино ба иттилои масъулин дар маркази вилоят 8700 нафар ва дар маҷмуъ дар миқёси вилоят 28300 нафар ба шанбегӣ баромаданд, ки далели ҷонибдории аҳли ҷомеа аз иқдоми ватандӯстонаи ҲХДТ ва «Созандагони Ватан» мебошад. Хусусан, хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни мактабҳои олию миёнаи махсус, кумитаи маҳаллаҳо, аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ, коргарони ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои истифодабарии манзил хеле фаъол буданд. Инчунин чорабинии варзишии пойга, ки дар давоми чандин сол маротибаи нахустин доир гардид, ба муттаҳиду сарҷамъ шудани теъдоди зиёди варзишгарони ҷавон ва мухлисони ин намуди варзиш мусоидат намуд. Пойга аз назди гардишгоҳи биноҳои асосии таълимии ДДХ ва ДДҲБСТ оғоз ёфта, дар варзишгоҳи картингронӣ, воқеъ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд ба охир расид ва дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибону иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар ин бора Адҳам Мирсаидов, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» иттилоъ дод.

Апрель 17, 2013 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд