В.Никитюк: «Ҳамкории байни донишкадаҳо аҳамияти бориз дорад»
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 2 апрел ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов зимни мулоқот бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк дар бораи таъриху сохтор, ҳамчунин ташкили раванди таҳсил дар донишгоҳ нақл кард. Тавре ки аз донишгоҳи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилотии Украина ва Тоҷикистон ва дурнамои густариши ҳамкорӣ дар бахши тиб мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Виктор Никитюк зикр намуд, ки ҳамкории судманди байни донишкадаҳои олии ҳар ду кишвар аҳамияти бориз дорад. Ҷонибҳо саъю кӯшишҳои муштаракро барои рушди бемайлони равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан муфид ба дараҷаи мусбат арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






