Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 3 майи соли равон дар Кохи Ваҳдат таҳти унвони «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон» дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ватании журналистӣ ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии матбуот конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар конфронс баррасии вазъи кунунӣ ва муаммоҳои риояи «Меъёрҳои ахлоқи касбии журналистӣ дар Тоҷикистон» , мушкилоти гузариш ба пахши рақамии телевизион дар Тоҷикистон, проблемаҳои қонунгузорӣ ва қазияҳои судии ВАО- и мустақил, масъалаҳои ҳуқукии ВАО дар маъракаи интихоботӣ баррас хоҳанд шуд.Ҳамчунин супоридани Ҷоизаи ИЖТ «Дастрастарин вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ»; Ҷоизаи Медиа- Алянси Тоҷикистон ба номи Отахон Латифӣ ва Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев; Ҷоизаи Маркази тадқиқоти журналистӣ ба номи Пайванди Гулмуродзода ва Ҷумъабой Толибов ; ҷоизаҳои гуруҳи расонаҳои иттилоотии «Озодагон» , ҷоизаҳои ТҶ «ИНДЕМ», Ҷоизаи Бунёди Муҳиддин Олимпур «Бинишвар» (барои суратҳои беҳтарин дар 3 бахш) , Ҷоизаи радиои «Ватан» барои озмуни варзишӣ дар назар дошта шудааст.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Шӯрои ВАО-и ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






