ВКД дар мавриди лату кӯби М.Ҳайитов парвандаи ҷиноӣ кушод
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Назар ба хабари сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шахсони номаълум муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайитовро лату кӯб карданд. Мувофиқи маълумоти манбаъ, 19 апрел тахминан соати 19 – и шом шахсони номаълум М.Ҳайитовро дар даромадгоҳи хонааш лату кӯб карда ва аз маҳалли ин ҳодиса нопадид шудаанд.Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шер Сабзов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе А.Бузмаков ва гурӯҳи тафтишоти фаврӣ ба маҳалли ин воқеа омаданд. Аз рӯи ҳодисаи зикршуда парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад. Бо фармони сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи тафтишоти фаврӣ таъсис ёфтааст, ки алҳол ҳамаи ҷузъиёти воқеаро месанҷад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






