Вохӯриҳо барои шунидани арзу пешниҳод
Хоруғ, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҷангибек Улфатшоев).- Дар доираи реҷаи тасдиқшуда ва нақшаи кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ раиси вилоят ҳар сари чанд вақт дар тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ бо мардум вохӯрӣ анҷом медиҳад. Дирӯз бо сокинони ҷамоатҳои Язгулом, Водхуд, ба номи М. Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ чунин мулоқот баргузор гашт. Сокинони ҷамоатҳои мазкур арзу дархости худро назди раиси вилоят ва роҳбарони раёсату идораҳо изҳор намуданд. Қисме аз дархостҳои мардум зимни мулоқот ҳалли худро ёфтанд. Дар асоси арзу шикоят ва дархости бошандагони деҳот нақшаи чорабиниҳои мукаммал таҳия шуда, иҷрои он таҳти назорат қарор мегирад. Дар заминаи таклифу пешниҳодоти мардум барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ин ё он ҷамоати деҳот тарҳрезӣ гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мешаванд. Чунин вохӯрӣ имрӯз дар ҷамоатҳои Ҷовидон, Техарв ва Рованди ин ноҳия доир мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






