Вохӯрии Ҳ. Зарифӣ бо О. Гаврук
Душанбе, 2 апрел (АМИТ «Ховар»).- 1 апрели соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврукро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба ҳамкориҳои босамари Тоҷикистону Беларус дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баҳои баланд доданд. Дар робита ба ин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон минатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба дастгирии номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар солҳои 2015-2017 изҳор намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва густариши онро мавриди баррасӣ қарор дода, муносибатҳои Тоҷикистону Беларусро дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҷиҳати амалӣ намудани созишҳои ба миён омада дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла кишоварзӣ, хӯрокворӣ ва саноати сабук, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои минтақавиро зикр намуданд. Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматие, ки 2 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба имконият хоҳад дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






