Ярмаркаи таҳсилотӣ– 2013
Душанбе, 12 апрел .(АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Рӯзи 20 апрели соли 2013 дар Маркази тиҷоратии «Вафо»-и шаҳри Душанбе «Ярмаркаи таҳсилотӣ – 2013» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ аз ҷониби шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст. Тавре ки аз ташкилоти мазкур хабар доданд, ярмаркаҳои таҳсилотӣ дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла 23 апрел дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, 3 май дар Донишгоҳи давлатии Кўлоб, 4 май дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ва 15 май дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ баргузор хоҳанд шуд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






