Ёрӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз оғози соли равон баррасии муроҷиати шаҳрвандонро бо усули «Равзанаи ягона» ба роҳ мондааст. Чанде пеш бо ҳамин тарз рӯзи қабули шаҳрвандон дар шаҳри Панҷакент ба роҳ монда шуд, ки дар он сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова низ иштирок кард. Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Суғд 3 рӯз давом кард. Рӯзи аввал дар ҷамоати Косатарош, рӯзи дуюм дар ҷамоати Ёрӣ ва рӯзи сеюм дар худи шаҳри Панҷакент муроҷиати зиёда аз 200 нафар шаҳрванд, ки намояндаи сокинони 14 ҷамоати шаҳраку деҳот буданд, шунида шуд. Муроҷиати 5 нафар сокини ҷамоати деҳоти Ёрӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба воситаи субъектҳои хоҷагидор сафарбар намудан ба муҳоҷират, мусоидат ба гирифтани музди меҳнат дар шаҳри Маскав буд. Сардори Раёсат дар баробари баррасии муроҷиати онҳо бо як гуруҳ муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва аҳли оилаи онҳо оид ба муҳоҷирати бехатар, қоидаҳои будубош дар хориҷа ва сарфи мақсадноки маблағҳо суҳбат кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






