Заминаҳои мувофиқи муносиботи Тоҷикистону Украина
Душанбе, 03 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина Геннадий Темник, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе омадааст, мулоқот кард. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Украина дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос муносибатҳои хуби дӯстона дошта, Украина дар мумилот ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ИДМ мақоми намоёнро ишғол менамояд. Тавре ки таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди бунёди корхонаи муштарак оид ба истеҳсол ва таъмирсозии таҷҳизоти техникӣ барои нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар ин самт ҳамкориро бо тамоми сохторҳои марбутаи Украина дар сатҳи зарурӣ таъмин менамояд. Зимни вохӯрӣ аз баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ шуда, таъкид гардид, ки натиҷаҳои кори ҷаласаи мазкур барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатию байниҳукуматии ҳар ду кишвар заминаҳои мувофиқ фароҳам хоҳанд овард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






