Жозе Маннуэл Баррозу: «Мушкилоти Тоҷикистонро хуб дарк мекунем»

Апрель 12, 2013 04:03

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма натиҷаҳои мулоқоти худро шарҳ доданд.  «Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои самараноки дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор додем. Илова бар ин, ислоҳоти дар бахшҳои гуногун дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва вазъи дохилии Тоҷикистон аз мавзуоти меҳварии мулоқот маҳсуб мешуд»,- иброз намуд Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу зимни изҳороти матбуотӣ. Президенти Комиссияи Аврупо таъкид дошт, ки ҳамкориҳои ҷониби Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон сол аз сол сатҳу сифати беҳтар касб мекунанд ва ҷонибҳо дар ҳалли машкилоти минтақавӣ ва махсусан вазъи кунунии Афғонистон мавқеъ ва назари ягона доранд. Ба иловаи номбурда танҳо дар соли 2012 нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо 43% афзоиш ёфтаанд. Жозе Маннуэл Баррозу аз тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои босамар бо Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд. «Мо мушкилоти ҷуғрофиеро, ки имрӯз Тоҷикистон ба он мувоҷеҳ гардидааст, хуб дарк менамоем ва талошҳои созандаи ин кишварро дар самти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва ҳалли босамари мушкилоти ҷойдошта дастгирӣ менамоем»,- таъкид дошт Жозе Маннуэл Баррозу. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар изҳороти худ иттилоъ дод, ки дар ин мулоқот роҳу воситаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ба иттилои Сарвари давлат дар ин музокирот имкониятҳои фаровони ҳамкории дуҷониба мушаххас шуданд. «Мо бар онем, ки истифодаи нерӯи бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад на танҳо барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ истифода шавад, балки метавонад барои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, алалхусус Афғонистону Покистон саҳмгузор бошад»,- изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон бахшҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди маъданҳо ва кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳои афзалиятноке ҳастанд, ки барои рушди он ҷониби Тоҷикистон хоҳони ҷалби сармоя ва технология аст. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон омодагии кишварашро ҷиҳати эҳёи иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон иброз намуд.

Апрель 12, 2013 04:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд