Зодрӯзи Ф.И. Шаляпин таҷлил мешавад
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – Аз 8 то 11 апрел шаҳри Душанбе бахшида ба 140 – солагии зодрӯзи сарояндаи бузурги рус Фёдор Шаляпин ва 140 – солагии зодрӯзи бастакору пианинонавоз Сергей Рахманинов чорабиниҳо роҳандозӣ мешаванд. Тавре ки аз намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тӯли ин ҳафта дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов маҳфили эҷодӣ бо иштироки Ходими шоистаи санъати Русия, ректори Консерваторияи Урал ба номи М.Мусоргский, профессори фахрӣ Валерий Шкарупа баргузор мегардад. Ҳамчунин дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи суратҳо ва конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Фёдор Шаляпин ва Сергей Рахманинов дар фазои мусиқии ҷаҳон» бахшида ба 140 – солагии зодрӯзи Фёдор Шаляпин баргузор мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






