Ғалабаи навбатии «Истиқлол»
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар»). – 14 май даври шашуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ бо ду вохӯрӣ анҷом ёфт. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дастаҳои «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе ва «Регар — ТадАз» — и шаҳри Турсунзода қувваозмоӣ намуданд, ки он бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфт. Дар вохӯрии дигари даври шашуми мусобиқот дастаи «Парвоз» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи «Панҷшер» — ро мағлуб сохт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






