Қадрдонии иштирокчии ҶБВ
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 7 майи соли ҷорӣ дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 68-умин солгарди иди Ғалаба ва бо мақсади баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, ҳамчунин пурзўр гардонидани дастгирии иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштирокчии ин муҳориба, маъюби гуруҳи II Шамсибобо Розиқов вохўрӣ баргузор гардид.Шамсибобо Розиқов дар мулоқоти худ нисбат ба муҳорибаи бузург бар зидди фашизм, саҳми намоёни фиристодагони Тоҷикистон дар он ҷанги мудҳиш, қаҳрамонона шаҳид шудани ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус ва шарафманди тоҷик ёдовар шуд. Ў иброз намуд, ки ғалаба бар фашизм бори дигар собит сохт, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандўстиву матонат бар зидди зулм ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурда, барои таъмини зиндагии орому осоиштаи халқу миллати худ ҷоннисориҳо кардаанд. Маҳз бо шарофати иттиҳоду ҳамбастагӣ, дўстиву рафоқат ва фидокориву заҳмати шабонарўзӣ дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ғалаба насиби халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, аз ҷумла Тоҷикистони азизамон гардид. Дар фарҷоми суханҳои худ Шамсибобо ҳозиринро ба рафоқату дўстӣ, сабру таҳаммул, ватандўстиву ватандорӣ ва хизмати софдилона барои ояндаи неки кишвар даъват намуд. Дар интиҳо роҳбарияти агентӣ ба иштирокчии ҷанг кўмаки молиявӣ ва туҳфаи хотиравӣ супориданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






